Дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода 10-уми феврал оид ба ҷамъбасти соли 2020 бо иштироки васеи кормандон ва намояндагони васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор гардид, ки дар он 19 нафар хабарнигор аз расонаҳои иттилоотӣ ширкат варзиданд.
Дар нишаст ректор Жило Гулназарзода аз фаъолияти донишкада дар соли 2020 ҳисобот дода, доир ба дастовардҳои илмӣ, таълимӣ, тарбиявӣ ва фарҳангӣ ба ҳозирин маълумоти муфассал пешниҳод кард.
-Давраи ҳисоботӣ дар донишкада 12 конференсияи илмӣ-назариявӣ ва илмӣ-амалӣ, аз ҷумла, 1 конференсияи байналмилалӣ, 1 конференсияи ҷумҳуриявӣ, 10 конференсияи донишкадавӣ, 23 семинари илмӣ ва илмӣ-методӣ, 16 мизи мудаввар гузаронида шуд, - изҳор дошт ректори муассиса.
Ҳамчунин, зикр гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ 8 нафар рисолаи номзадӣ ва 1 нафар рисолаи доктории худро ҳимоя намуда, инчунин, 18 нафар омӯзгор аз курси такмили ихтисоси дохил ва хориҷ аз кишвар бомуваффақият гузаштанд.
Сипас, рӯзноманигорон дар хусуси омода намудани тарҷумонҳои касбӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ, инчунин, дигар масоили илмӣ, таълимӣ ва тарбиявӣ ба суолҳои худ посухҳои қонеъкунанда гирифтанд.