ТОҶ  /  РУС  /  ENG

ДАРАҶАИ ДОКТОРИ ИЛМИ ФИЛОЛОГИЯ МУБОРАК!

Боиси хушнудист, ки аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия 1-уми феврал рисолаи доктории ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Жило Гулназарзода тасдиқ гардид.
Мавриди зикр аст, ки муаллима рисолаи докториро 18-уми сентябри соли 2020 дар мавзӯи «Семантикаи феъл дар забони адабии тоҷикӣ (дар намунаи осори бадеии Абдураҳмони Ҷомӣ)» ҳимоя кардаанд.
Муаллимаи азиз, Шуморо аз номи раёсат ва ҳайати профессорону кормандон барои соҳиб шудан ба ин унвони баланди илмӣ самимона табрик гуфта, бароятон сиҳатмандӣ, саодати рӯзгор ва дар ҷодаи илм муваффақиятҳои беназирро таманно мекунем.