Дар партави Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ 1-уми феврал дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода конференсияи илмӣ - амалӣ зери унвони “Паём-инъикосгари сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар” доир шуд.
Ректори донишкада Жило Гулназарзода дар ифтитоҳи конференсия изҳор дошт, ки Паёми Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳнамо баҳри тамоми сокинони мамлакат аз ҷумла мо - омӯзгорон маҳсуб ёфта, дар он ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи забондонӣ ва беҳтар гардидани сифати таълим таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.
- Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷомеаро фаро гирифта, ҳуҷҷати тақдирсозест, ки моро ба ояндаи неку дурахшон раҳнамун сохта, фаъолиятамонро барои чанд соли дигар муайян кардааст, - илова намуд ректор.
Ҳамчунин, дигар иштирокчиёни конфренсия дар мавзӯъҳои “Пешвои миллат ва сиёсати давлатӣ дар самти рушди соҳаи сайёҳӣ”, “Афзоиши хатари терроризм ва экстремизм дар ҷаҳони муосир” “Аҳамияти соҳаи маориф ва тандурустӣ дар Паёми Пешвои миллат” ва “Баррасии самтҳои сиёсати хориҷӣ, иқтисодиёт ва иҷтимоиёти кишвар” суханронӣ карданд.