ТОҶ  /  РУС  /  ENG

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ ҶАШНИ САДА

Дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода 30 - юми январ бахшида ба ҷашни бузурги мардуми ориёитабор – Сада чорабинии идона зери унвони “Сада ҷашни мулуки номдор аст” дар сатҳи баланд баргузор гардид, ки дар он ректори муассиса Жило Гулназарзода ширкат ва суханронӣ намуд.
Ректор зимни ифтитоҳи чорабинӣ изҳор дошт, ки дар замони соҳибистиқлолӣ бо ташаббусу дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни аҷдодии Сада дар қатори дигар ҷашнҳои миллии  мо - Наврӯзу Меҳргон эҳё гардид.
Мавриди зикри хос аст, ки оростани гӯшаи идонаву дастовардҳои миллӣ, намоиши навъҳои тухмиҳои зироятӣ ва намунаи гулу ниҳолҳо аз ҷониби факултетҳо, пешниҳоди сурудҳои классикӣ, рақсҳои тоҷикона ва табрикот бо забонҳои тадрисшаванда аз ҷавҳари асосии барномаи ҷашни Садаи донишкада ба ҳисоб мерафт.
Гӯшаи идонаи ҳар факултет бо хусусиятҳои хоси хеш аз ҳам фарқкунанда буд. Ҳайати ҳакамон пас аз шиносоӣ бо маҳсули дасти донишҷӯён ва гӯшаи идона муайян карданд, ки сазовори ҷойи аввал факултети филология рус аст. Дигар факултетҳо мақомҳои ифтихориро соҳиб шуданд.
Ҷашни куҳанбунёди Садаро дар донишкада бошукӯҳ ва бо риояи суннатҳои миллӣ таҷлил намуданд ва ба раванди баргузории он меҳмонону ҳозирин баҳои баланд доданд.