ТОҶ  /  РУС  /  ENG

Ифтитоҳи маркази тестӣ дар донишкада

Дар партави Паёми Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати омӯхтани забонҳои хориҷӣ 28-уми январ бо иштироки ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Жило Гулназарзода, менеҷер аз Донишгоҳи Славянии Руссияву Тоҷикистон Умед Мансуров дар факултети забони англисӣ маркази тестии “Exam Preparation Center” ифтитоҳ гардид.

Ректор таъсисёбии ин марказро падидаи нав гуфта, қайд кард, ки он барои баланд бардоштани сатҳи забондонии донишҷӯён саҳми арзанда мегузорад. Аз ин рӯ, муҳассилин бояд аз ин шароит самаранок истифода намуда, сатҳи забондонии худро такмил диҳанд.

- Марказ як қисми ассотсиатсияи англисии Cambridge Asessment English буда, барои баланд бардоштани сатҳи байналмилалии забономӯзӣ ва равандҳои илмӣ-таълимӣ дар донишкада  истифода бурда мешавад, - изҳор дошт декани факултети забони англисӣ З.Мусоямов.

Зикр кардан ба маврид аст, ки маркази тестӣ, бо дастгирии лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ”, ки аз тарафи Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ шудааст, инчунин дар доираи лоиҳаи муштаракаи Донишгоҳи Славянии Руссияву Тоҷикистон ва Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода таҳти унвони “Забони англисӣ барои ояндаи дурахшон” бунёд ёфта, бо таҷҳизоти баландсифат ва муосир муҷаҳҳаз гардонида шудааст. 

Мавриди зикру ифтихор аст, ки 12 нафар омӯзгори факултети забони англисӣ тӯли чанд моҳ барои баланд бардоштани дараҷаи забондонӣ ва маҳорати омӯзгорӣ курси EMI (English Medium Instruction) – ро аз худ карда, ки дар маросими ифтитоҳи марказ соҳиби сертификати сатҳи байналмилалии CambriDge  гардиданд.