ТОҶ  /  РУС  /  ENG

ОБОДИИ ДОНИШКАДА ВАЗИФАИ МОСТ

Дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода 23-юми январ ҷиҳати омодагӣ ба оғози нимсолаи дуюми соли таҳсили 2020-2021 бо иштироки ректори муассиса Жило Гулназарзода ва доираи васеи омӯзгорону кормандон шанбегӣ баргузор гардид.

 

Ширкаткунандагон фаъолона гирду атроф ва саҳни бинои донишкадаву хобгоҳро аз барф ва синфхонаву ҳуҷраҳои кориро тозаву озода намуданд.

 

Лозим ба зикр аст, ки пайваста бо ташаббуси раёсати донишкада ҷиҳати пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ дохил ва беруни бинои таълимӣ ва хобгоҳ баъди анҷоми дарсҳо бо маҳлулҳои зидди уфунӣ безарар гардонида мешавад.

 

Ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони донишкада дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ҷиҳати ободонию хуррамгардонӣ ва ба “Шаҳри сабз” табдил додани пойтахт ҳамарӯза кӯшиш мекунанд, то дар ободонию хурамгардонии кишвари азизамон саҳмгузор бошанд.

 

Мутобиқи нақша бо мақсади ободу зебо ва тозаю озода нигоҳ доштани ҳудуди муассиса то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди донишкада шанбегиҳо мунтазам роҳандозӣ карда мешаванд.