
9 - уми январи соли 2021 мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Зиёрат Киромзода барандаи Ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи адабиёт дар соли 2020 гардид.
Зиёрат Киромзода, муаллифи чандин мақолаи илмӣ - оммавӣ буда, рисолаи номзадияшро дар мавзӯи “Робитаҳои адабии тоҷику рус дар замони шӯравӣ (дар заминаи осори Н.Тихонов Ва М.Турсунзода)” таҳти роҳбарии дотсент Хосият Олимова омода карда, ки он дар арафаи анҷомёбист.
Бо такя аз гуфтаҳои боло метавон зикр кард, ки Зиёрат Киромзода ба Ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи адабиёт воқеан шоиста мебошад.
Ҷоиза муборак, муҳаққиқи ҷавон Зиёрат Киромзода!