ТОҶ  /  РУС  /  ENG

САМТИ ТАРБИЯ ФАЪОЛИЯТИ НАЗАРРАС ДОРАД


Дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода 8-уми январ рӯнамоии ҳисоботи самти тарбия дар соли 2020 доир шуд, ки дар он ректори таълимгоҳ Жило Гулназарзода ва ҳайати кормандону омӯзгорон ширкат варзиданд.
Муовини ректор оид ба тарбия Зебониссо Бобоалиева фаъолияти самти тарбияро дар соли 2020 тариқи рӯнамо бо суратдалелҳо пешниҳоди ҳозирин гардонида, ҳамчунин, оид ба дастовард ва камбудиҳои мавҷудбуда дар соли сипаришуда сухан гуфт.
- Бояд қайд кард, ки беҳтарин факултетҳо дар самти корҳои табиявӣ факултетҳои филологияи тоҷик ва факултети филологияи рус ҳастанд. Ҳамчунин, беҳтарин кураторон дар соли 2020 дар факултети забони англисӣ Доро Суҳробӣ, Дилафрӯз Саидова, Руҳангез Сафарова, дар факултаи филологияи тоҷик Меҳроҷиддин Қаҳорзода, Хосият Олимова, Мунаваршо Пиров, Гулрухсор Абдуллоева, Замира Маҳмадаминова ва дар факултети филологияи рус Маҳбуба Мирзоаминова мебошанд, - изҳор дошт муовини ректор З.Бобоалиева.
Аз ҷониби аҳли нишаст ҷиҳати боз ҳам беҳтар гардидани фаъолияти самти тарбия пешниҳодҳои муфид мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар охири ҷаласа, аз ҷониби ректори донишкада ва дигар иштирокчиён фаъолияти самти тарбия дар соли 2020 хуб арзёбӣ гардид.