ТОҶ  /  РУС  /  ENG

РАИСИ НАВ ИНТИХОБ ГАРДИД

12-уми январ дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода маҷлиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Забоншинос” – и ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе доир шуд, ки дар он ректори таълимгоҳ Жило Гулназарзода, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино Носирҷон Мирзоев ва намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Эраҷ Раҷабзода иштирок доштанд.
Дар маҷлис ректори донишкада Жило Гулназарзода аз ҷониби аъзои Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Забоншинос” ба ҳайси раиси ҳамин кумита интихоб гардид.
Баъдан, аз ҷониби муовини раиси КИИ “Забоншинос” Зебониссо Бобоалиева ҳисоботи фаъолияти Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Забоншинос” дар соли 2020 пешниҳоди ҳозирин гардида, ҳамзамон, нақшаи кории кумита барои соли 2021 тасдиқ шуд.
Носирҷон Мирзоев, ба фаъолияти яксолаи КИИ “Забоншинос” – баҳои баланд дода, саҳми онро дар амалигардонии ҳадафу маромҳои ҲХДТ назаррас ва муҳим арзёбӣ кард.
Лозим ба зикр аст, ки беш аз 100 нафар омӯзгору донишҷӯйи донишкада тайи ду ҳафтаи охир аъзои ҲХДТ гардидаанд, ки дар ҷаласа ба қисме аз онҳо билети узвияти ҲХДТ супурда шуд.
Инчунин, барои фаъолияти назаррас ва саҳми арзанда дар амалигардонии ҳадафу мароми ҳизб як гурӯҳ аъзои фаъол бо ифтихорномаву сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе қадрдонӣ гардиданд.