ТОҶ  /  РУС  /  ENG

КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БО ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ

“Филологияи Шарқ дар масири фарҳанг ва тамаддунҳо” – таҳти чунин унвон 22-юми декабр дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бахшида ба солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва истиқболи 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмию амалӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммаддовуд Саломиён, ректори донишкада Жило Гулназарзода, намояндаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Зулфониён ва профессорону олимон аз макотиби олии кишвар ва хориҷи мамлакат ширкат карданд.

Ректор Жило Гулназарзода конференсияро ифтитоҳ намуда, чунин изҳор дошт: “Дар замони муосир, ки яке аз хусусиятҳои асосии он ҷаҳонишавии фазои иттилоотӣ аст, инъикоси муҳимтарин дастоварду ихтирооти илмӣ ва илмӣ-техникӣ, ҳамоишҳои илмии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, баланд бардоштани савияи маърифату ҷаҳонфаҳмии илмии олимону мутахассисон, тарбияи худшиносии миллӣ хеле муҳим арзёбӣ мегардад.”

- Дастуру ҳидоятҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва шиносоӣ бо фарҳангу тамаддуни мардуми гуногунзабони дунё дар шароити кунунии робитаҳои Тоҷикистон бо кишварҳои гуногуни олам барои густариши ҳамкориҳои гуногунпаҳлӯ ва шинохту гиромидошти арзишҳои умумибашарӣ нақши муҳим мебозад, - илова намуд Ж. Гулназарзода.

Муовини вазир Муҳаммаддовуд Саломиён ба раванди баргузории конференсияи байналмилалӣ баҳои баланд дода, дар бораи забон, тарҷума ва рушди онҳо дар замони соҳибистиқлолӣ сухан гуфт.

Ҳамчунин, дигар иштирокчиён дар мавзӯъҳои “Ҷойгоҳи забон ва фарҳанги миллӣ дар масири фарҳангҳо ва тамаддунҳо”, “Мавзӯи ҳикоят ва романҳои адиб Абдул Бисмиллоҳ”, “Нигоҳи Кришан Чандар ба бархӯрдҳои мазҳабӣ дар Ҳиндустон”, “Робитаҳои Чин ва Тоҷикистон дар даврони Истиқлол”, “Бозтоби унсурҳои тамаддуни шарқӣ ва фарҳанги миллӣ дар ашъори Назирии Нишопурӣ” ва “Перевод и диалог цивилизации” баромад карданд.

Мавриди зикр аст, ки дар конференсия намояндагони чор давлат – Россия, Ҳиндустон, Хитой ва Шветсария ҳузурӣ ва тариқи онлайн фаъолона ширкат карда, маърӯзаҳои хешро ба самъи ҳозирин расониданд.

Конференсия пас аз нисфирӯзӣ кори худро дар 3 бахш идома дод ва маводи он дар ҳаҷми 543 саҳифа бо се забон ба нашр расида, дастраси хонандагон гардид.