18 - уми декабр ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Жило Гулназарзода ва сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мишел Таран дар маҳфили “Дӯстдорони забони фаронсавӣ” ширкат карданд.
Дар ибтидо сурудҳои миллии ҳар ду кишвар садо дода, сипас, қисмати фарҳангӣ оғоз ёфт, ки дар он донишҷӯён бо маҳорату истеъдоди волои худ, бо хондани шеърҳо, рақсҳои тоҷикиву аврупоӣ, саҳначаҳои тарбиявӣ ва дигар барномаҳои ҷолиб таваҷҷуҳи иштирокдоронро ба худ ҷалб намуданд.
Ғолибони озмунҳои Ҳафтаи забони фаронсавӣ бо ифтихорномаву сипоснома ва туҳфаҳои арзишманди раёсати донишкада қадрдонӣ гардиданд.
Сафир бо донишҷӯёну омӯзгорон суҳбати озод намуда, гуфт, ки забондониву истеъдоди нотакрори муҳассилини шуъбаи забони фаронсавӣ боиси таҳсин аст, ки аз фаъолияти назарраси омӯзгорони ин даргоҳи забоншиносӣ шаҳодат медиҳад.