ТОҶ  /  РУС  /  ENG

ТАШРИФИ САФИР БА ДОНИШКАДА

 

Мулоқоти ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Жило Гулназарзода бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мишел Таран 18-уми декабри соли 2020 баргузор гардид.

Жило Гулназарзода дар бораи фаъолияти донишкада маълумоти муфассал дода, изҳор дошт, ки робитаҳои неки дӯстии миёни халқҳои мо аз умқи таърих оғоз ёфта, хушбахтона, бо шарофати соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон ва азму талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти Ҷумҳурии Фаронса сатҳу сифати ин муносибатҳо боз ҳам беҳтар гардидааст.

Зикр шуд, ки соли 2002 шуъбаи забони фаронсавӣ дар донишкада таъсис ёфта, ҳоло дар он 110 нафар донишҷӯ аз рӯйи ихтисоси забони фаронсавӣ-минтақашинос ва забони фаронсавӣ - забони англисӣ таҳсил мекунанд.

Мишел Таран барои пазироии тоҷиконаву самимӣ изҳори сипос намуда, зикр кард, ки мо аз таваҷҷуҳ ва кӯшиши раёсати донишкада барои рушд ва такмили омӯзиши забони фаронсавӣ хушҳол ҳастем ва мекӯшем, то баҳри густариши он ҳамкорӣ намоем.

Дар поёни мулоқот ҷонибҳо аз таваҷҷуҳ ва эҳтироми ҳамдигар изҳори ташаккур намуда, умедвории худро барои густариши равобити бештар баён доштанд.