ТОҶ  /  РУС  /  ENG

КИБЕРТЕРРОРИЗМ ВА РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ ОН

Дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода 3-юми декабр конференсияи илмӣ – амалии донишкадавӣ зери унвони “Сабабҳои содиршавии кибертерроризм, терроризм, экстремизм ва роҳҳои пешгирии он” доир шуд, ки дар он ректори таълимгоҳ Жило Гулназарзода, муовини сардори шуъбаи назорати муомилоти маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковник Фирӯза Муродзода ва дотсенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психологияи Академияи ВКД ҶТ, майёри милитсия Шоҳрух Аҳёзода иштирок намуданд.
Ректор дар бораи зуҳуротҳои номатлуби ҷаҳон ва хатару таъсири кибертерроризм сухан гуфта, иброз дошт, ки имрӯз моро зарур аст, то арзишҳои миллиро аз дигар манфиатҳо боло гузошта, бо зиракии сиёсӣ ва кору амали шоистаи худ дар пешрафту тараққиёти Ватани азизамон саҳми арзандаи худро гузорем.
Зикр шуд, ки хатари кибертерроризм чун терроризми анъанавӣ халалдор кардани сулҳу амнияти кишварҳои олам буда, ҳар як давлат ҷиҳати аз байн бурдани он чораҳои шадид андешида, роҳҳои пешгирии хатарашро пайдо намуда истодаанд.
Профессори донишкада Назир Азимзода дар иртибот ба ин мавзӯъ гуфт, ки кибертерроризм бештар ба маънои ҳамла ё таҳдид алайҳи рӯёнаҳо, шабакаҳои компютерӣ ва иттилоотии захирашуда фаҳмида мешавад.
Мавриди зикр аст, ки дигар иштирокчиён дар мавзӯоти “Шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифроти тавассути интернет”, “Экстремизм - ҳамчун хатари ҷаҳони муосир” ва “Таҳдидҳои муосири экстремизми иттилоотӣ ва роҳҳои пешгирии он” баромад намуда, дар қисмати музокира фаъолона ширкат карданд.