30 - юми ноябр роҳбарияти Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкориҳои судманд ба раёсат ва як гурӯҳ донишҷӯёни факултети забонҳои Осиёи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ифтихорномаву сипоснома тақдим кард.
Мавриди зикр аст, ки муҳассилини ихтисоси забони ҳиндии донишкадаи мо ҳангоми ташрифи Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Вираҷ Синкх ба Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа фаъолона ширкат намуда, саҳми назарраси хешро дар ин чорабинии муҳим гузошта буданд