Бахшида ба эълон гардидани солҳои 2020 -2040 – “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” китоби дарсии “Логистика”- и муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи донишкада н.и.ф.-м., дотсент Асадулло Наҷмиддинов(ҳаммуаллифии А.Нурализода ва Д. Қурбонализода) бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нашр расида, дастраси хонандагон гардид.
Китоб аз муқаддима ва 24 мавзӯъ иборат буда, дорои 431 саҳифа асту бо натиҷаҳо ва муқоисакунии ҷараёни логистикии давлатҳои Руссия, Қазоқистон, Белоруссия, Олмон, Испания, Гурҷистон ва Ӯзбекистон барои рушди логистика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст.
- Омӯзиши илми риёзӣ ва фанҳои дақиқ ба ҷавонон аз рӯи мантиқ амал карданро омӯзонда, барои ташаккули ҷаҳонбинии онҳо мусоидат карда, ҳисси масъулиятшиносияшонро баланд мебардорад. Китоби тозанашри “Логистика” низ самараи роҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, - зикр кард муаллифи китоб А.Наҷмиддинов.