Дар доираи муроҷиати Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бобати ба «Шаҳри сабз» табдил додани Душанбешаҳр, ки зимни баргузории иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум ироа шуд, дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода аксияи ниҳолшинонӣ ва шанбегии дастаҷамъмона баргузор гардид.
Лозим ба зикри хос аст, ки аксияи ниҳолшинонӣ зери унвони “Хуррамгардонии Душанбешаҳр – вазифаи мо” доир шуд.