Бо ибтикори раёсати донишкада 25-уми ноябр мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди зӯроварӣ таҳти унвони “Муҳаббат аз оила маншаъ мегирад” доир шуд, ки дар он ректори таълимгоҳ Ҷило Гулназарзода, сардори раёсати кор бо занони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Заррина Зуҳурова, директори Маркази худшиносии бонувон дар шаҳри Душанбе Манзура Саломова, омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок доштанд.
Ректор дар ифтитоҳи чорабинӣ иброз дошт, ки пешгирии зӯроварию хушунат дар оила ва ҷомеаи шаҳрвандӣ яке аз масъалаҳои муҳим маҳсуб меёбад, ки ҳалли он дар маркази диққат ва таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар, хусусан, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Заррина Зуҳурова зимни ироаи маърӯзаи хеш таъкид кард, ки ноомодагӣ ба оиладорӣ, адами маълумоти касбӣ, пастии маърифати ҳуқуқӣ, ноогоҳӣ аз ҳуқуқҳои худ ва надоштани одоби муошират барои хушунат дар хонавода замина муҳайё мекунад.
Дар қисмати музокираҳо аз ҷониби омӯзгорон пешниҳодҳои ҷолибу саривақтӣ ироа гардида, паҳлуҳои дигари ин масъалаи муҳим мавриди таҳлилу баррасии аҳли нишаст қарор гирифтанд.