24-уми ноябр дар донишкада бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон чорабинии илмӣ - фарҳангӣ доир шуд, ки дар он муовинони ректор, ҳайати кормандону омӯзгорон ва донишҷӯён ширкат доштанд.
Муовини ректор оид ба тарбия Зебониссо Бобоалиева чорабиниро ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки Парчам яке аз муқаддасоти миллии мамлакати азизамон маҳсуб ёфта, нуфузи Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд бардошта, имрӯз дар ҳар як муассисаву ташкилот парафшонӣ мекунад, ки ин боиси ифтихори ҳар як сокини кишвар аст.
Бояд тазаккур дод, ки донишҷӯёни факултаи филологияи тоҷик аз ҳикматҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ситоиши Парчам ёдовар шуда, беҳтарин порчаҳои назмии шоиронро манзури ҳозирин гардониданд.
Инчунин, аз ҷониби омӯзгорону донишҷӯён маърӯзаву рӯнамоиҳои ҷолибу муфид доир ба ин муқаддасоти баландарзиш пешниҳод гардида, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.