«Пешвои хирадоин» - бо ин ном китоби ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, муҳтарам Маҳмадулло Раҷабзода ба нашр расид.
Китоб аз қисматҳои “Корнома”, “Адабистон”, “Дурри дарӣ”, “Тафсир” ва “Тақриз” иборат буда, бо саҳифабандӣ ва ороиши ҷолибу замонавӣ дастраси хонандагон шуд.
Дар бахши “Дурри дарӣ” муаллиф дар бораи нақши Пешвои муаззами миллат дар рушду такомули забони тоҷикӣ сухан гуфта, саҳми ин фарзонафарзанди тоҷикро дар пешрафти бемисли забони модарӣ тайи солҳои соҳибистиқлолӣ бузург арзёбӣ кардааст, зеро саҳми Президенти кишвар дар ташаккули забони давлатӣ ҳамчун як рукни давлатдорӣ ва инъикоскунандаи фарҳангу тамаддуни миллати шарафманди тоҷик беназир аст.
Шоистаи зикр аст, ки муҳтавои китоби тозанашр дастгирӣ ва тавзеҳи барномарезиҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаҳои илму маориф, забони давлатӣ ва танзими расму оини миллӣ буда, дорои аҳмияти вижа барои ҷомеа мебошад.
Китоби «Пешвои хирадоин» ба доираи васеи хонандагон тавсия дода шудааст.