ТОҶ  /  РУС  /  ENG

Паёми табрикии ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода

Паёми табрикии ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода
Маҳмадулло РАҶАБЗОДА  бахшида ба  Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Устодон ва шогирдони азиз!
Бисту нуҳ сол муқаддам мардуми шарифи Тоҷикистон ба истиқлоли давлатӣ ноил гардид ва ба эъмори давлати ҳуқуқбунёд, дунёявӣ, демократӣ, ягона ва миллии худ шурӯъ намуд. Оғози истиқлол ва қадамҳои нахустин дар роҳи бунёди давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон ба давраи бисёр ҳассоси таърихи халқи тоҷик рост омад.
Дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ ҳамаи он монеаҳо ва қуллаҳои баланде, ки мардуми шарафманди Тоҷикистон фатҳ намуд, маҳз бо азму талошҳои созанда ва иқдомҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардиданд.
Роҳи пурифтихори тайкардаи давлату миллати тоҷик тайи 29 соли соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат роҳи осону ҳамвор набуд. Сарвари давлат аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омадан то кунун асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати давлати мо, самтҳои асосӣ ва роҳу воситаҳои татбиқи манфиатҳои стратегии миллии кишварро муайян намуда, тавассути истеъдоди баланди сиёсатмадорӣ, бо назари оқилонаву одилона барои амалӣ гардидани онҳо талош варзиданд.
Маҳз бо ташаббуси Роҳбари давлат соҳаи илму маориф самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ эълон гардида, бо шарофати ин дар даврони соҳибистиқлолӣ кишвари мо ба дастовардҳои бузург ноил гардид.  
Миллати саодатманди тоҷик!
Ҳамасола дар кишвари соҳибистиқлоли мо 16-уми ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи ҷашнҳои нави миллӣ рӯзи фаромӯшнопазири таърихӣ ва рӯзи ифтихору сарфарозӣ, баёнгари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, ватандӯстиву меҳанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми мо маҳсуб  ёфта, бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад. Зеро нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун татбиқкунандаи сиёсати дохиливу хориҷӣ ва кафили рушди ҳамаҷонибаи Ватани азизамон - Тоҷикистон беандоза бузург аст.
 Мавриди зикри хос аст, ки ба шарофати садоқату фидокорӣ, тафаккури стратегӣ, иродаи матин ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат мардуми тоҷик дар як муддати начандон тӯлонии таърихӣ фосилаеро тай намуда, соҳиби музаффариятҳое гардид, ки барои як зумра халқияту миллатҳои олам орзуву ормонҳои деринаву дастнорас ба шумор мераванд.
Устодон ва шогирдони азиз!
Моро зарур аст, ки симои сиёсӣ ва фарҳангии Пешвои муаззами миллат, хизматҳои беназиру таърихияшонро бо камоли масъулият ҳар чи бештару амиқтар омӯзем, таҷассум ва тараннуми онро дар адабиёти миллӣ ва ҷаҳон густариш бахшем, ҷанба ва паҳлуҳои инсонгароёнаву умумибашарии сиёсати ин абармарди миллатро дар олам ҳамаҷониба тарғибу ташвиқ  намоем.
Муҳимтар аз ҳама, бо назардошти рисолати донишкада мо бояд саҳми беназири Пешвои миллатро дар боло рафтани мақоми забони тоҷикӣ ва рушди бемайлони соҳаи маорифи кишвар дар ҷомеа мавриди таҳқиқоти бунёдӣ қарор диҳем ва дар ин самт нақши пешоҳангиро аз даст надиҳем.
Дӯстони арҷманд!
Бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният намуда, бароятон тансиҳатӣ  ва барору комёбӣ орзумандам.
Рӯзгори фараҳбору пурсурур насибатон бод, ҳамватанони азиз!