Бо ташаббуси раёсати Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода 14-уми ноябр бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ зери унвони “Президенти мо – ифтихори мо” дар сатҳи баланд баргузор гардид.
Ректори донишкада Маҳмадулло Раҷабзода чорабиниро ифтитоҳ намуда, чунин зикр кард: “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи ҷашнҳои нави миллӣ рӯзи фаромӯшнопазири таърихӣ ва рӯзи ифтихору сарфарозӣ, баёнгари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, ватандӯстиву меҳанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми мо маҳсуб ёфта, ҳамасола бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад.”
- Моро зарур аст, ки симои сиёсӣ ва фарҳангии Пешвои муаззами миллат, хизматҳои беназиру таърихияшонро бо камоли масъулият ҳар чи бештару амиқтар омӯзем, таҷассум ва тараннуми онро дар адабиёти миллӣ ва ҷаҳон густариш бахшем, ҷанба ва паҳлуҳои инсонгароёнаву умумибашарии сиёсати ин абармарди миллатро дар олам ҳамаҷониба тарғибу ташвиқ намоем, - изҳор дошт ректори донишкада
Дар идома мудири кафедраи таърих ва робитаҳои фарҳангӣ Назир Азимзода дар мавзӯи “Ҳуқуқҳои конститутсионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва мудири кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносӣ Диловар Маҷидов дар мавзӯи “Нақши Пешвои миллат дар таҳким густариши фарҳанги миллӣ” баромад намуданд.
Баъдан, ба як гурӯҳ кормандону донишҷӯён барои ширкати фаъол дар чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ, шаҳрӣ ва донишкадавӣ сипоснома ва ифтихорнома тақдим карда шуд. Ҳамчунин, аз ҷониби роҳбарияти донишкада ғолибони озмуни донишкадавии “Ҳомии истиқлол ва арзишҳои миллӣ” бо ифтихорнома ва ва туҳфаҳои арзишманд қадрдонӣ гардиданд.