ТОҶ  /  РУС  /  ENG

САБҚАТИ БОНУФУЗ ИДОМА ДОРАД

Даври факултетии озмуни мутолиаи асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зери унвони "Ҳомии Истиқлол ва арзишҳои миллӣ" 12-уми ноябр дар факултети забонҳои Осиёи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода доир шуд, ки дар он намояндагони раёсати илм ва инноватсия ва устодони собиқадор ба ҳайси аъзои ҳакамон ширкат доштанд.
Мавриди зикр аст, ки озмуни мазкур вобаста ба мутолеаи 5 асари пурмуҳтавои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз қабили "Забони миллат - ҳастии миллат", "Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ", "Уфуқҳои истиқлол", "Тоҷикон дар оинаи таърих" ва "Забони давлатӣ ва истиқлол" мебошад.
P.S. Аз натиҷаи ҷамъбасти озмун ба таври муфассал гузориш пешниҳод мегардад.