ТОҶ  /  РУС  /  ENG

ПИРӮЗӢ МУБОРАК, ФУТБОЛБОЗОНИ МО!

 

10-уми ноябр дар варзишгоҳи "Душанбе Арена" даври ниҳоии бозии футбол барои дарёфти Ҷоми "Пайравони Пешвои миллат" миёни волонтёрони муассисаҳои таҳсилоти олии ҳудуди шаҳри Душанбе баргузор гардид.

 

Дар байни 18 дастаи муассисаҳои таҳсилоти олӣ дастаи футболи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода сазовори ҷойи сеюм гардида, бо ҷом, медал ва ифтихорнома сарфароз шуданд.