ТОҶ  /  РУС  /  ENG

Асарҳои Пешвои миллат - ифодагари арзишҳои миллӣ

Факултети филологияи руси Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода даври факултавии озмуни донишкадавӣ таҳти унвони "Ҳомии Истиқлол ва арзишҳои миллӣ" - ро баргузор намуд.
Дар озмун намояндагони раёсати илм ва инноватсия ва устодони собиқадор ба ҳайси аъзои ҳакамон ширкат доштанд.

Мавриди зикр аст, ки озмуни мазкур вобаста ба мутолеаи 5 асари пурмуҳтавои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз қабили "Забони миллат -  ҳастии миллат", "Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ", "Уфуқҳои истиқлол", "Тоҷикон дар оинаи таърих" ва "Забони давлатӣ ва истиқлол" мебошанд.

P.s. Аз натиҷаи ҷамъбаст ба таври муфассал гузориш хоҳем дод.