Бо ибтикори раёсати Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода 10-уми ноябр дар толори Шӯрои олимон семинари илмӣ – амалӣ зери унвони “Роҳҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ тавассути тарҷума” доир шуд, ки дар он меҳмонон аз муассисаҳои олии касбӣ, профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни донишкада ширкат доштанд.
Мавриди зикр аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои хеш ба масъалаи забономӯзӣ ва тарҷума диққати махсус зоҳир намуда, чунин зикр карда буданд: “Тарҷумаи бадеӣ омили муҳими таҳкими робитаҳои адабист. Бояд беҳтарин осори адабиёти ҷаҳон ба тоҷикӣ тарҷума шавад ва асарҳои беҳтарини адабиёти мо ба забонҳои дигар баргардонида шаванд”.
Дар семинар, аз ҷониби меҳмонону омӯзгорон паҳлуҳои мубрами мавзӯъ аз қабили “Масъалаи тарҷумаи маводи матбуот”, “Омӯзиши забони англисӣ бо истифода аз усулҳои муосир”, “Роҳҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ тавассути тарҷума” мавриди зикр ва таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.