Дар толори маҷлисгоҳи донишкада 30 - юми октябр ҷаласа бо муҳассилини риштаи доктор (Phd) - и шуъбаи кадрҳои илмӣ ва илмӣ - педагогӣ баргузор гардид.
Мақсад аз ин мулоқот шиносоӣ бо докторантони соли аввал, баррасии корҳои илмӣ ва шунидани ҳисоботи докторантони соли сеюм буд.
Зикр шуд, ки муҳассилин аз шароити дар донишкада муҳайё гардида, истифода намуда, бояд дар ҷодаи заҳматталаби илм қадамҳои устувору созанда гузоранд.