ТОҶ  /  РУС  /  ENG

Сабқати бонуфуз оғоз гардид

Дар факултети филологияи тоҷики Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода даври факултавии озмуни донишкадавӣ таҳти унвони "Ҳомии Истиқлол ва арзишҳои миллӣ" оғоз гардид.

Дар сабқат намояндагони раёсати илм ва инноватсия ва устодони собиқадор ба ҳайси аъзои ҳакамон ширкат доранд. Мебояд тазаккур дод, ки озмуни мазкур вобаста ба мутолеаи 5 асари пурмуҳтавои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Ғолибон бо мукофотҳои арзишманд қадрдонӣ мешаванд.

Аз натиҷаи ҷамъбасти озмун ба таври муфассал гузориш хоҳем дод.