ТОҶ  /  РУС  /  ENG

Фаъолияти ситоди донишкадавӣ назаррас аст

Ситоди донишкадавӣ оид ба пешгирии бемории коронавирус дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода аз замони паҳншавии ин беморӣ ташкил гардида, ҳамарӯза барои пешгирии паҳнашавии коронавирус ва ташкилу гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни донишҷӯён, ҳамчунин, пайваста безараргардонии тамоми ҳуҷраҳо ва роҳравҳои бинои таълимгоҳ саҳми назаррас гузошта истодааст.

Маврид ба зикр аст, ки ҳоло раиси ситоди донишкадавӣ, муовини ректор оид ба иқтисод ва иҷтимоиёт Абдуқодир Назруллоев ва муовини он Сулаймон Саъдуллоев мебошанд, ки барои пешгирии ин бемории сироятӣ ва ҳифзи саломатии омӯзгорону донишҷӯён корҳои безараргардонӣ ва фаҳмондадиҳиро ба роҳ мондаанд.

МУРОҶИАТ:

Дар хотир дошта бошед, ки қатъиян риоя намудани қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва ҷаъмиятӣ, истифодаи ҳатмии ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ ва риояи фосилаи байниҳамдигарӣ дар шароити паҳншавии бемории сироятии коронавирус тадбирҳои давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар роҳи ҳифзи солимии ҷомеа ва мубориза бар зидди ин бемории сироятӣ тақвият бахшида, ба пешгирии саривақтӣ аз хуруҷи мавҷи дуюми ин беморӣ дар мамлакат мусоидат менамояд.

ТАВАҶҶУҲ!

Барои ҳифзи саломатии худу дигарон фосиларо риоя намуда, аз ниқобҳои муҳофизатӣ истифода баред, чункии саломатии Шумо ин саломатии давлату ҷомеа аст!