ТОҶ  /  РУС  /  ENG

Оғози марҳилаи нави тараққиёт

Дар толори маҷлисгоҳ ва дигар синфхонаҳои донишкада 30-юми октябр тамошои дастаҷамъонаи маросими савгандёдкунии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир шуд.

Пас аз анҷоми намоиш омӯзгорон ва донишҷӯён мулоҳизоти хешро дар хусуси шурӯи марҳилаи ҷадиди ободонию шукуфоӣ ва тараққиёти Ватани азизамон-Тоҷикистон таҳти роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо эҳсосоти баланд иброз намуданд.

Изҳори итминон карда шуд, ки дар 7 соли оянда мамлакати мо дар соҳаҳои мухталиф ба пешрафтҳои боз ҳам бештар ноил гардида, мавқеи баландтару шоистатарро касб менамояд.