ТОҶ  /  РУС  /  ENG

Нақши Конститутсия дар рушди давлатдории миллӣ

Бахшида ба 26 - солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори раёсати Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистион ба номи Сотим Улуғзода 5-уми ноябр конференсияи илмӣ - амалии донишкадавӣ таҳти унвони “Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккул ва рушди давлатдории миллӣ” баргузор гардид.

Чун анъана чорабинӣ бо хондани Суруди миллӣ оғоз шуд.

Зикр гардид, ки Конститутсия дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии давлати тозабунёди тоҷикон рӯйдоди муҳим ва мондагори таърихие мебошад, зеро он ҳуқуқу озодиҳои инсонро чун сарчашмаи асосии пешрафти ҷомеа, поягузори суботи кишвар, ваҳдату ягонагии давлату миллат бозгӯ менамояд.

Дар идома, мудири кафедраи таърих ва робитаҳои байнифарҳангӣ, профессор Назир Азимзода дар мавзӯи “Вайрон кардани дахлнопазирии манзил”, намояндаи Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори милитсия Далер Ғафурзода доир ба “Нақши мақомоти корҳои дохилӣ дар таъмини баробарҳуқуқии марду зан” ва омӯзгорони  академияи зикршуда Раҳматулло Нуриддинзода, Шералӣ Нурализода вобаста ба ҳамин мавзӯъ  баромад карданд.

Конференсия дар сатҳи баланд ҷамъбаст гардид.