ТОҶ  /  РУС  /  ENG

Таҷлили бошукӯҳи ҷашни Меҳргон

 

Дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода 21 - уми октябр ҷашни Меҳргон ботантана таҷлил гардид, ки дар он намояндагони ҳамаи факултетҳо дастархони идонаи худро ба маърази тамошо гузоштанд.

Аз ҷониби роҳбарияти донишкада дар оғоз зикр гардид, ки  ҷашни суннатии Меҳргон дар замони Истиқлолият бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дубора эҳё шуда, ҳамасола миллати сарбаланди тоҷик онро бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҳамчун ҷашни миллӣ таҷлил менамоянд.

Меҳмонон, омӯзгорон ва донишҷӯёни донишкада бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу субот ва ваҳдату оромии кишвар ин ҷашни аҷдодиро бо як шаҳомати беандоза истиқбол гирифтаанд. 

Ҳамчунин, ғолибони озмуни “Хони беҳтарин” муайян шуда, дар он факултети филологияи тоҷик ҷойи аввал, факултети забонҳои Осиё ҷойи дуюм ва факултети забонҳои Аврупо ҷойи сеюмро ишғол намуданд.

Мавриди зикр аст, ки дар қисми дуюми барномаи идона барои болидарӯҳии ҳозирин аз тарафи донишҷӯёни соҳибистеъдоди донишкада рақсу сурудҳои дилнишин пешкаш гардид.