Маҳфил бахшида ба 700 - солагии Камоли Хуҷандӣ
Бахшида ба 700 - солагии суханвари бузурги тоҷик Шайх Муслиҳиддин Камоли Хуҷандӣ дар факултаи филологияи тоҷик бо ибтикори маҳфили “Фурӯғ” чорабинии илмӣ - фарҳангӣ таҳти унвони «Нақши Камоли Хуҷандӣ дар адабиёти форсии тоҷикӣ» баргузор гардид.
Роҳбари маҳфил Мушкинисо Раҳимова зикр кард, ки Камоли Хуҷандӣ яке аз бузургтарин шоирони ғазалсарои қарни ХIV – и халқи тоҷик буда, дар таърихи шеъри форсӣ-тоҷикӣ бо ғазалҳои рангину дилнишини хеш мақому мартабаи хос дорад.
Баъдан, аз ҷониби донишҷӯён оид ба рӯзгору осору афкори наҷиби Камоли Хуҷандӣ шеър, суруд ва саҳнаҳои тарбиявӣ пешниҳоди ҳозирин гардида, маҳфил дар сатҳи баланд ҷамъбаст шуд.