ТОҶ  /  РУС  /  ENG

САЙЁҲАТ ДАР ПАНҶАКЕНТ

 

 555САЙЁҲАТ ДАР ПАНҶАКЕНТ

Аз 9-ум то 11-уми октябр донишҷӯдухтарони фаъоли донишкадаи мо таҳти роҳбарии кормандони донишкада дар доираи барномаи лоиҳаиРушди салоҳиятҳои касбии ДДЗТ ба номи С.Улуғзода тавассути пешниҳоди донишҳо ва малакаҳои иловагӣ” барои сайёҳату истироҳат ба мавзеҳои сайёҳии шаҳри Панҷакент (Саразм, Ҳафткӯл, Панҷакенти Қадим, Пойгоҳи кӯҳнавардию сайёҳии Артуч ва оромгоҳи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ) рафтанд.

 

Роҳбалади даста Бобоҷон Маликов изҳор дошт, ки ин лоиҳа бо ибтикори раёсати Донишкадаи даавлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ва дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст, саривақтиву шоистаи таҳсин буда, эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бошад ба рушди ин соҳаи муҳими кишвар такони бузург бахшида аст.

 

Омӯзгор Дилфуза Саидова ҳангоми сайёҳат дар шаҳраки Саразм чунин изҳор дошт: “Ёдгории қадимаи халқи тоҷик - Саразм аз намунаҳои бузурги тамаддуни ҷаҳонӣ ба шумор рафта, ба гуфти бостоншинос Абдуллоҷон Исҳоқов мардуми он соҳиби фарҳанги воло, маданияти пешрафтаи шаҳрсозиву кишоварзӣ буданд... ”