Шанбегии дастаҷамъона
Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ободу зебо гардонидан ва тозаву озода нигоҳ доштани биноҳои таълимӣ, саҳни ҳавлӣ ва гирду атрофи муассиса аз 7 - ум то 9 - уми октябр дар донишкада шанбегии дастаҷамъона баргузор гардид.
Дар ин маъракаи ободонӣ, кормандон ва омӯзгорону донишҷӯёни факултаҳо фаъолона иштирок намуда, ҷуйборҳои гирду атрофи муассисаро тоза, бехи дарахтонро нарм ва саҳни донишкадара аз нав таъмир намуданд.
Лозим ба зикр аст, ки тибқи нақшаи дохилидонишкадавӣ дар донишкада рӯзҳои шанбе бо ҷалби кормандон ва омӯзгорону донишҷӯён корҳои ободонӣ ба роҳ монда мешаванд.