Паёми табрикии ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, муҳтарам Маҳмадулло Раҷабзода ба муносибати 29-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
Устодон ва шогирдони азиз!
Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷик аст, ки дар охири асри ХХ ба даст омад. Ин неъмати бузург ба мардуми тоҷик ва Тоҷикистони азиз нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиро фароҳам овард.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Истиқлолияти давлатиро «муҳимтарин дастовард ва орзуву ормони дерини миллат» арзёбӣ намуда, зимнан таъкид кардаанд: «Ҳамаи корҳои азимеро, ки то имрӯз мо дар кишвари маҳбубамон амалӣ намудем, ба номи мубораку муқаддаси истиқлолият анҷом додем. Зеро истиқлолият барои мо рамзи пойдории давлат, ҳастии миллат ва шарафу эътибори Тоҷикистони азизамон мебошад».
Воқеан, Сарвари давлат дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ, эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуда, дар рушди ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, пешрафти илму маориф, фарҳанги давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намудааст.
Комёбиҳои истиқлолиятро дар соҳаи маориф, аз ҷумла, дар мисоли фаъолияти ҳар як муассисаи таълимии мамлакат ва дар ин росто, дар мисоли рушди пайваставу фарогири донишкадаи азизи мо, ки дар самти таълиму тарбияи мутахассисони забоншинос ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст, низ метавон арзёбӣ намуд.
Дӯстони арҷманд!
Моро зарур аст, ки ҳар як саҳифаи истиқлолиятро бо назари тозаи илмӣ амиқтар ва бо камоли масъулият омӯзем, раванди таҷассум ва тараннуми онро дар осори илмиву адабии миллӣ бо забонҳои гуногуни олам густариш диҳем ва муҳимтар аз ҳама дар таҳкиму пойдории Истиқлолият пайваста саҳмгузор бошем.
Таманнои онро дорам, ки Ватани маҳбуби мо, Ватани соҳибистиқлоли мо Тоҷикистон боз ҳам рушду такомул ёфта, дар арсаи ҷаҳон мавқеи шоистаи худро пайдо намояд.
Таманнои онро дорам, ки истиқлолияти мо абадан пойдору устувор бимонад, ифтихорафзову сари баланди мо бошад.
Таманнои онро дорам, ки Ваҳдат, зиндагии бомарому босубот ва осоиштаи мардуми Тоҷикистон ҷовидонӣ гардад.
Бо ҳамин таманниёти нек ҳамаи шумо, аҳли донишкадаи маҳбубамон ва мардуми сарбаланди тоҷикро бо ҷашни шукӯҳманди 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон табрику таҳният мегӯям.
Барору комёбӣ, рӯзгори фараҳбору пурсурур насибатон бод, ҳамватанони азиз!
Ҷашни истиқлол муборак!