Шуъбаи тарбия

ЗОКИРЗОДА Масрури Шарифҷон

Вазифа: мудири шуъбаи тарбия

Рақами телефони корӣ: (+992 37) 237 50 48

Email: zokirzoda.m@mail.ru

Шуъбаи тарбияи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода фаъолияти худро дар асоси санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ оид ба маориф, ҷавонону занон, Консепсияи миллии тарбия, Оинномаи донишкада, низомномаи шуъба ба роҳ мондааст.

Ҳадаф ва вазифаҳои шуъба аз баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ, хештаншиносию худогоҳӣ, ватанпарастию миллатдӯстӣ, арҷгузорӣ ба таърихи бою пурғановати халқи тоҷик, муҳим аз ҳама тарғиби ҷавонон ба пайравӣ кардан ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар, хусусан асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иборат мебошад.

То соли 2017 шуъба бо номи “шуъбаи тарбия ва кор бо ҷавонон” фаъолият мекард ва баъд аз эълон гаштани соли 2017 ҳамчун “Соли ҷавонон” шуъбаҳои тарбия ва кор бо ҷавонон дар алоҳида ташкил ёфтанд. Дар самти кор бо донишҷӯёни тибқи Квотаи Президентӣ таҳсилкунанда, кор бо бонувон, кор бо ҷавонон, кор бо донишҷӯёни ятими кул ва нимятим, инчунин ниёзманд, риояи Дастурамали либосҳои тавсиявӣ аз ҷониби донишҷӯён, чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ, варзишӣ ва ғайра дар донишкада ва берун аз он корҳои амалиро ба анҷом мерасонад.

Дар назди шуъба маҳфили тарҷумонҳои ҷавон амал мекунад, ки ба тарҷума машғул буда, асарҳои хурд ва калонҳаҷмро аз забони англисӣ ба тоҷикӣ ва баръакс баргардон менамоянд.

Ҳамасола шуъбаи тарбия бо мақсади дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ таҷлил намудани чорабиниҳои муҳими миллию давлатӣ, санаҳои таърихиву сиёсӣ ва идҳои миллӣ тадбирҳои судманду саривақтӣ андешида, бо ҷалби доираи васеи ҳайати профессорону устодон, кормандону донишҷӯёни донишкада татбиқ намудани онҳоро роҳандозӣ менамояд.

Шуъбаи тарбия саъю кӯшиш дорад, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳои худ тамоми масъалаҳои марбут ба тарбияи ҷавононро дар сатҳи олӣ ташкил намуда, бо баргузории конференсияву мизҳои мудаввар, нишастҳои маърифатию машваратӣ, аксиявҳову озмунҳо ҳаёти донишҷӯии ҷавононро рангин намояд.

Мудири шуъбаи тарбия аз моҳи октябри соли 2017 Зокирзода Масрури Шарифҷон мебошад, ки соли 2014 Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзодаро бо дипломи аълочӣ, бо ихтисоси тарҷумони забони англисӣ хатм намудааст. Ассистенти кафедраи граматика ва назарияи тарҷума буда, дар мавзӯи “Сохторҳои хос (экзотизмҳо) ва холигоҳҳои маъноӣ ҳамчун зуҳуроти воҳидҳои луғавии бемуодил дар забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ: аз нигоҳи муқоиса ва тарҷума” таҳқиқоти илмӣ мебарад.