Шуъбаи тайёрӣ

МИРЗОЕВ Зоҳир Зокирович

Вазифа: мудири шуъбаи тайёрӣ

Таҳсилот: олӣ

Ихтисос аз рӯйи диплом: ҳуқуқшинос

Тахассус (касб): ҳуқуқшинос

Собиқаи умумии корӣ: 43 сол

Собиқаи корӣ аз рӯи ихтисос: 10 сол

Рақами телефони корӣ: (+992 37) 237 01 44

Бахши курсҳои тайёрӣ дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода аз моҳи сентябри соли 2012 фаъолият мекунад. Қаблан ин шуъба дар тобеияти шуъбаи илм, инноватсия ва аспирантура буд. Шуъбаи мазкур аз моҳи сентябри соли 2012 ин ҷониб фаъолияти худро давом дода истодааст.

Дарсҳо дар тӯли ҳафта 5 рӯз ба роҳ монда шудаанд. Дар курсҳои мазкур тибқи талаботи маркази миллӣ-тестӣ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи кластери 3 дар тӯли 6 моҳи хониш ба иштироккунандагон аз фанҳои забони тоҷикӣ, адабиёт, таърихи халқи тоҷик, забони русӣ, забони англисӣ, математика ва ҳуқуқи инсон дарс омӯзонда мешавад. Дар ҷамъбасти сол довталабон аз фанҳои номбурда ба тариқи тестӣ имтиҳон супорида, сазовори сертификат мегарданд.

Дар курсҳои номбурда омӯзгорони ботаҷриба ва донишмандон дарс мегузаронанд. Шуъбаи тайёрӣ бо мақсади ҷалб намудани шунавандагон дар муассисаҳо, гимназияҳо корҳои ташвиқотиро ба роҳ монда, бо хатмкунандагон мунтазам суҳбатҳо барпо мекунанд. Барои ҷалби шунавандагон дар матбуоти даврӣ ва радио эълонҳо дода мешавад.