Шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ

ФАТҲУЛЛОЕВ Қутбиддин Саидшоевич

Вазифа: мудири шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ, муаллими калон

Таҳсилот: олӣ

Ихтисос аз рӯйи диплом: забон ва адабиёти тоҷик

Тахассус (касб): муаллими забон ва адабиёти тоҷик

Собиқаи умумии корӣ: 13 сол

Собиқаи корӣ аз рӯи ихтисос: 13 сол

Рақами телефони корӣ: (+992 37) 232 50 05

E-mail: qutbiddin-f@mail.ru

Шуъбаи таҳсилоти фосилавии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бо қарори Шӯрои олимон №3/4-2 аз 26.10.2017 бо фарогирии се воҳиди корӣ (мудири шуъба, сармутахассис ва мутахассис) дар заминаи дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва ифтитоҳи бинои нави Академияи Вазорати корҳои дохилӣ аз 30.08.2017, ки чунин таъкид намуда буданд: “Имрӯзҳо вақти он расидааст, ки ба усули анъанавии таҳсили ғоибона хотима бахшида, таҳсилоти фосилавӣ ба роҳ монда шавад. Дар шароити имрӯза раванди таълиму тадрисро бе истифодаи васеи воситаҳои техникӣ ва технологияҳои муосир тасаввур кардан ғайриимкон аст” асос гузошта шуд.

Таҳсилоти фосилавӣ — тарзи амалигардонии раванди таълим бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ ва телеком-муникатсионӣ, ки таълимро дар масофа бе иштироки шахсии омӯзгор ва донишҷӯён имконпазир мегардонад, мебошад.

Таҳсилоти фосилавӣ зинаи нави рушди шакли таҳсили ғоибона мебошад, ки фаъолияти он бо истифода аз технологияҳои иттилоотӣ таъмин шудааст, фарқияти он аз намуди ғоибонаи таҳсил дар он аст, ки қисми зиёди маводҳои таълимӣ, дар пайвастагӣ ва муносибат бо омӯзгор (машварат бо воситаи почтаи электронӣ, скайп, семинарҳо дар режими оnline) аз худ мешавад.

Шарти асосии ворид шудан ба система мушаххас намудани парол ва логини ҳар истифодабаранда мебошад, ки ба ин восита метавонад аз имконоти мавҷуда истифода намояд.

Системаи таҳсилоти фосилавии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дар шабакаи глобалии интернет  (fosilavi.ddzt.tj) фаъолият намуда, барои донишҷӯён имконияти саривақт ва бемонеа дастрас намудани маълумотҳои заруриро фароҳам месозад.

Омӯзгорони Донишкада имкон доранд, бо донишҷӯ тавассути ин система фосилавӣ дарсҳои назариявию амалӣ ташкил намоянд ва дар ҳолатҳои лозимӣ мубоҳиса гузаронанд.

Ҳангоми ворид шудан ба система тавассути интихоби логин ва пароли шахсӣ донишҷӯ ба саҳифаи хеш (кабинети инфиродӣ) дохил мегардад ва имкони шиносоиро бо маълумоти зарурӣ пайдо мекунад.

Низоми барномавии мазкур ба донишҷӯён имкониятҳои зеринро фароҳам меоварад:

  1. Алоқаи доимӣ бо устод, имконияти машварати фаврӣ дар хусуси саволҳои пайдошуда бо истифодаи воситаҳои телекоммуникатсионӣ (почтаи электронии дохила, skype, облоко ва ғайра)
  2. Дастрасии маводҳои назариявӣ ва амалӣ дар шакли электронӣ (презентатсияҳои намоишӣ ва овознок, видеофрагментҳои дарс)
  3. Имконияти ташкили мубоҳиса, форумҳо, корҳои якҷоя бо гурӯҳ дар вакти омӯзиши курс ҳар лаҳза
  4. Шиносоӣ бо нақша, силлабусу барномаҳои таълимӣ ва ҷадвалҳои гузаронидани навъҳои гуногуни дарсҳо
  5. Огоҳӣ пайдо намудан аз натиҷаи раванди азхудкунии барномаҳои таълимӣ ва санҷишу имтиҳонот (баҳо)
  6. Истифода бурдан аз китобхонаи электронӣ ва адабиёти лозимӣ
  7. Муайян намудани бал аз рӯи фанҳо барои семестри ҳозира ва гузашта
  8. Иваз намудани профили худ (ба монанди парол, расм ва баъзе маълумотҳои иловагӣ)

Омӯзгор ҳангоми воридшавӣ ба саҳифаи худ (кабинети инфиродӣ), дар системаи  барномаи мазкур, бо доштани логин ва пароли хос кор бурда метавонад.

Дар саҳифаи омӯзгор мувофиқи сарбории таълимии ӯ рӯйхати фанҳое, ки дар даврҳои академии муайян ҷудо шудаанд, мавҷуд ҳастанд. Омӯзгор бояд, дар вақтҳои муайян тибқи талаботи барномаи таълимӣ ва барномаи таҳсилоти фосилавӣ (MOODLE) барои гурӯҳи интихобшуда маводҳои худро дохил намояд.

Барномаи мазкур барои омӯзгорон чунин имкониятҳоро фароҳам сохтааст:

  1. Иваз намудани профили худ (ба монанди, парол, расм ва баъзе маълумотҳои иловагӣ)
  2. Гузоштани ахбор ё эълони нав дар гурӯҳи худ
  3. Тартиб додан ва сабти маводҳои тестӣ барои имтиҳони ниҳоӣ
  4. Тартиб додан ва сабти маводҳои тестӣ барои санҷишҳои ҷорӣ
  5. Ташкил ва гузаронидани форумҳо дар гурӯҳи худ
  6. Гузаронидани лексияҳо ҳам дар шакли on-line ва ё off-line
  7. Шиносоӣ бо реҷаи дарсҳо дар барнома
  8. Таҳияи феҳристи адабиёти тавсияшаванда
  9. Истифода бурдан аз китобхонаи электронӣ
  10. Огоҳӣ пайдо намудан аз хабрҳои тоза дар барнома
  11. Тартиб додан ва ворид намудани мисолу масъалаҳо дар барнома

Системаи таҳсилоти фосилавӣ ин шакли васеъ ва озмудашудаи самаровар нисбати таҳсили ғоибона мебошад, аз он ҷумла, барои гирифтани маълумоти дуюм ва барои он шахсоне, ки имконияти таҳсил дар шакли таҳсили рӯзонаро надоранд, пешбинӣ гардидааст.