Пайкараи устод Улуғзода барафрохта мешавад

Дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода 5-уми феврал оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи дуюми соли 2019 бо иштироки васеи кормандон ва намояндагони Васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор гардид, ки дар он хабарнигорон аз шабакаҳои телевизионии “Ҷаҳоннамо” “Сафина”, радиои “Фарҳанг”, Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар”, рӯзномаҳои “Ҷумҳурият”, “Омӯзгор”, “Ҷавонони Тоҷикистон”, маҷаллаи “Фирӯза” ва дигар расонаҳои иттилоотӣ ширкат варзиданд.

Дар нишаст ректори донишкада Маҳмадулло Раҷабзода аз фаъолияти донишкада дар нимсолаи дуюми соли 2019 ҳисобот дода, доир ба дастовардҳои илмӣ, таълимӣ, тарбиявӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва робитаҳои хориҷӣ ба ҳозирин маълумоти муфассал пешниҳод кард.

Ректор зимни суханронӣ қайд кард, ки дар донишкада 22 конференсияи илмӣ-амалӣ, аз ҷумла, 2 конференсияи байналмилалӣ, 3 конференсияи ҷумҳуриявӣ ва 17 конференсияи донишкадавӣ баргузор карда шуд. Ҳамзамон, дар ин давра 11 нафар рисолаи номзадӣ дифоъ намуданд, ки нисбат ба соли гузашта 6 нафар зиёд мебошад.

Дар посух ба суоли хабарнигори рӯзномаи “Ҷумҳурият” Бузургмеҳри Баҳодур ректор изҳор дошт, дар арафаи ба истифода додани бинои нави таълимӣ, ки дар остонаи Ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ баргузор мегардад, пайкараи зебою арзишманди устод Сотим Улуғзода дар саҳни донишкада қомат хоҳад афрохт.

Ҳамчунин, дар идома рӯзноманигорон атрофи омода намудани тарҷумонҳои варзидаи касбӣ, ҳамкориҳои байналмилалии донишкада ва дигар паҳлӯҳои илмӣ, таълимию тарбиявӣ дар таълимгоҳ ба суолҳои худ аз тарафи ректор посухҳои қаноатбахш гирифтанд.

...