Паём – роҳнамои кори омӯзгорон

Бо мақсади расонидани муҳтавои Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсати Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дар якҷоягӣ бо факултаи филологияи тоҷик семинареро баргузор намуд, ки дар он муовини ректор оид ба тарбия Зебониссо Бобоалиева, декани факултаи филологияи тоҷик Бахтиёр Абдураҳимов, декани факултаи филологияи рус Мавлуда Товбаева ва ҳайати профессорону омӯзгорони донишкада иштирок доштанд.

Муовини ректор оид ба тарбия дар ифтитоҳи семинар баромад намуда, аксарияти нуқтаҳои Паёми Пешвои миллатро мавриди зикри хос қарор дод. Аз ҷумла, қайд намуд, ки яке аз масъалаҳои мубрами соҳаи маориф ин баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, савияи донишу маърифатнокии хонандагону донишҷӯён ва ҳамзамон тарбияи онҳо буд, ки бо якдигар пайванди ногусастанӣ доранд.

Бахтиёр Абдураҳимов дар идома иброз дошт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббускори ҳалли масъалаҳои мубрами ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҷаҳонӣ буда, ҳамзамон, оид ба самтҳои ҷудогонаи сиёсати кишвар муносибати махсус зоҳир менамоянд. Аз ҷумла, дар самти тозагии забони тоҷикӣ, таҳқиқи таърихи забон, шахсиятҳои таърихию адабӣ, марҳилаҳои рушди кишвар ва ғайра пажӯҳишҳои арзишманде низ анҷом додаанд, ки намунаи барҷастаи он китоби “Забон-ҳастии миллат”- и Пешвои миллат буда метавонад.

“Таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ бесабаб нест ва ҳатман самараи неке ба бор хоҳад овард, зеро бо гузашти вақт исбот шудааст, ки ҳар ташаббус ва ибтикори дурандешонаи Сарвари давлат тасмими оқилона ба ҳисоб меравад” – зикр намуд Мавлуда Товбаева. Ҳамчунин, дар рафти семинар аз ҷониби профессорону омӯзгорони донишкада нуқтаҳои мубрами Паёми Пешвои миллат мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.

...