Омӯзиши забон дар меҳвари таваҷҷуҳ

Дар донишкада бо ташаббуси факултаи забонҳои Аврупо дар асоси нақша - чорабиниҳо бахшида ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар 29-уми январ мизи мудаввар бо иштироки омӯзгорону кормандон баргузор гардид.

Муовини ректор оид ба тарбия Зебониссо Бобоалиева чунин изҳор дошт: “Паёми Пешвои миллат дар низоми сиёсии давлатдорӣ ҳуҷҷати расмӣ ва роҳнамоест дар раванди рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсии Тоҷикистон, ки тамоми ниҳодҳо дар амалӣ намудани дастуру супориш ва ҳидоятҳои дар он зикршуда муаззаф буда, баҳри рӯ ба тараққӣ ниҳодани кишварамон саҳми арзанда мегузоранд.”

Сипас, декани факултаи филололияи рус Мавлуда Товбаева баромад намуда, зикр кард, ки дар ҳама Паёмҳои худ Президенти кишвар оиди омӯхтани забонҳои хориҷӣ, хусусан, забонҳои русӣ ва англисӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, мо, омӯзгоронро вазифадор мекунанд, то ба забономӯзии шогирдонамон диққати ҷиддӣ ва аввалиндараҷа диҳем.

Дар идома сардори раёсати илм ва инноватсия Фараҳбону Мухторова ва муовини декан оид ба илми факултаи забони англисӣ Миҷгона Султонзода оиди мавзӯи матраҳшуда маърӯзаҳои хешро пешниҳод карданд.

...