Паёми донишкадаи забонҳо

Маҷаллаи илмӣ-назариявии «Паёми Донишкадаи забонҳо» соли 2011 таъсис ёфтааст.

Маҷаллаи илмӣ-назариявии «Паёми Донишкадаи забонҳо» нашрияи илмӣ буда, дар он натиҷаҳои илмию таҳқиқотии рисолаҳои илмии дарёфти дараҷаи илмии номзади илм, доктори илм ва доктор аз рӯи ихтисос (PhD) нашр мегарданд. Дар маҷаллаи мазкур мақолаҳои илмии ҳайати омӯзгорону профессорон, аспирантону унвонҷӯён ва докторантони Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, инчунин марказҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ва кишварҳои дуру наздик ба нашр мерасанд.

Мундариҷаи асосии маҷалларо мақолаҳои илмӣ ташкил медиҳанд. Маҷаллаи мазкур дар як сол 4 шумора ба нашр мерасонад ва дар ду сол на камтар аз 8 шумора нашр менамояд. Бахшҳои асосии маҷалла, муҳтаво ва мундариҷаи мақолаҳо бо Феҳристи ихтисосҳои илмие, ки дар заминаи онҳо дараҷаҳои илмӣ дарёфт мегарданд, мувофиқат менамоянд.

Маҷалла бо фармоиши Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.07.2019, №159 ба Феҳристи нашрияҳои илмии тақризшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидааст.

Ҳамаи мақолаҳои илмие, ки дар мувофиқа бо бахшҳои маҷалла барои чоп пешкаш мегарданд, бо мақсади баҳогузории экспертӣ барои гирифтани тақриз супорида мешаванд. Ҳамаи муқарризон мутахассисони варзидаи бахшҳои маҷалла мебошанд ва дар соҳаи худ маводи гуногуни чопнамуда доранд. Ба ҳамаи муаллифон нусхаи тақризи манфӣ бо нишон додани сабабҳои чоп нагардидани мақола ирсол мегардад.

Ҳайати таҳририяи маҷалла аз 13 доктори илм ва 6 номзади илм иборат буда, онҳо кормандони илмӣ, илмию педагогӣ ва мутахассисони варзидаи соҳаи худ мебошанд.

Тамоми мақолаҳои илмии чопшаванда дорои рӯйхати адабиёти истифодашуда мебошанд, ки дар асоси қоидаҳои аз ҷониби маҷалла пешниҳодшуда тартиб дода шудаанд.

Ҳамаи мақолаҳои илмии чопшаванда дорои фишурда ва калидвожаҳои худ мебошанд, ки онҳо бо забонҳои русӣ, англисӣ ва тоҷикӣ тартиб дода шудаанд. Маҷалла дорои рақами байналхалқии – ISSN 2226-9355 силсиланашрия мебошад.


Шумораҳои маҷалла