Паёми донишҷӯ

Дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода рӯзномаи донишкадавӣ бо номи «Паёми донишҷӯ» интишор мешавад. Ив. Сармуҳаррири нашрия рӯзноманигор Доро Суҳробӣ мебошанд.

Нашрияи «Паёми донишҷӯ» тарғиботгари ғояҳои пешқадам дар кори таълиму тарбияи тарҷумонҳо ва омӯзгорони ҷавон ба шумор рафта, донишҷӯёнро дар рӯҳияи инсонпарварию ватандӯстӣ, меҳнатдӯстиву поквиҷдонӣ тарбия мекунад. Умуман, рӯзнома дӯст ва маслиҳатгари донишҷӯён маҳсуб ёфта, онҳоро ба роҳи дурусти ҳаёт ҳидоят ва дар ташаккули сифатҳои касбияшон ёрмандӣ менамояд.

Тайи се соли охир нашрияи «Паёми донишҷӯ» ба комёбиҳои назаррас ва чашмгир ноил гашта, сифат, муҳтаво, ороиш, чоп ва паҳнкунӣ, ки ҳама дар маҷмӯъ ба хотири фаъолияти боз ҳам беҳтару бештари нашрияи донишкадавӣ равона шудаанд, дар сатҳи комилан нав пешкаши хонандагон гардид.

Раёсати донишкада зарурати тақвияти фаъолияти рӯзномаро саривақт ва дуруст пай бурда, барои боз ҳам пурсамар шудани он шароити мувофиқро муҳайё кардааст. Ҳоло рӯзнома моҳе як маротиба бо сифату муҳтавои баланду хонданӣ нашр мешавад, ки бе муболиға устодону донишҷӯён ҳар шумораи онро бесаброна интизоранд, ки дар самти тарғибу ташвиқи ғояҳои созанда муваффақияти калон аст.


Шумораҳои нашрия