Қоидаҳои тартиботи дохилӣ

Муносибатҳои байналмилалии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода фаъолияти худро дар асоси қонунҳои ҶТ «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои таълимӣ» ва «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (аз таърихи 1 феврали соли 1996, таҳти № 230), умуман асноди меъёрӣ-ҳуқуқии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуҷҷатҳои марбут бо шаҳрвандони хориҷӣ ба роҳ мондааст.

– Ҳамзамон, кормандони муносибатҳои байналмилалии Донишада метавонанд барои ҳар як шаҳрванди хориҷие, ки нияти таҳсил дар донишкадаро доранд ба таври инфродӣ оид риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати будбоши шаҳрвандони хориҷӣ суҳбатҳои фаҳмондадихӣ гузаронанд;

– Шуъбаи муносибатҳои байналмилалии донишкада дар асоси қонунҳои амали кунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба будубоши шаҳрвандони хориҷӣ тамоми ҳуҷҷатҳои марбут ба шаҳрвандони хориҷии донишкадаро ба танзим медарорад;

– Шаҳрвандони хориҷӣ ин шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб намеёбанд, бинобар ин ҳамеша бо худ бояд шиносномаи хориҷӣ ва ё ҳуҷҷати ивазкунандаи онро дошта бошанд;

– шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳолате ҳудуди  Ҷумҳурии Тоҷикистонро метавонад тарк кунад, ки бо худ шиносномаи хориҷӣ ва раводиде, ки аз ҷониби Сарраёсати консулии ВКХ ҶТ ба шиносномаи шаҳрванди хориҷӣ насб гардида дошта бошанд;

Дар асоси Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Россия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Армения шаҳрвандони кишварҳои мазкур метавонанд, бидуни раводид дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон иқомат намоянд ва ё онро тарк намоянд;

-Шаҳрвандони хориҷӣ ба мисоли шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи озодиро доранд (банди 16 Конститутсия);

– Шаҳрвандони хориҷӣ дар назди Қонун бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон баробаранд (банди 16 Конститутсия);

– Шаҳрвандони хориҷие, ки дар Тоҷикистон сукунат доранд уҳдадоранд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро эҳтиром намоян ва тибқи Қонун зиндагӣ намоянд;

– Шаҳрвандони хориҷие, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон сукунат доранд, он муваққати  ба шумор рафта, вазифадоранд, ки тибқи тартибот дар давоми 3 шабона рӯз (ба истиснои рӯзҳои истироҳат ва идҳои миллӣ) шиносномаи худро дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бақайд гиранд. Аз ин рӯ, тибқи қонунгузорӣ шаҳрвандони хориҷӣ вазифадоранд, ки пеш аз анҷоми муҳлати қайди шиноснома Ҷумҳурии Тоҷикистонро тарк намоянд ва ё хоҳиши тамдиди бақайдгирии шиносномаи худро доранд қабл аз 15-20 рӯз аз анҷоми муҳлат ҷиҳати тамдиди бақайдгирӣ корҳои заруриро ба анҷом расонанд;

– Шаҳрвандони хориҷӣ ҳангоми шикастани Қонунҳоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мисоли шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷоавобгарӣ кашида мешаванд;

– Тибқӣ боби 1 ва банди 197  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Қонуншикании маъмурӣ» шаҳрвандони хориҷӣ ва ё шаҳрвандони бетабаъ дар ҳолати рух додани қонуншиканӣ (бидуни ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда иқомат намудан дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷмула, бидуни бақайдгирии шиноснома дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД ҶТ, иқомат намудан бо шиносномаи қалбакӣ ва ё бо шиносномаи муҳлаташ ба анҷом расида, мутобиқат накардани қайди шиноснома ба суроғаи зист ва тарк накардани ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати муқаррар шуда) аз 50 то 60 фисад ба ҳисоби маъоши миёна ҷарима баста мешаванд;

– Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.02.2014 таҳти №19 «Дар бораи боҷи давлатӣ» чунин корҳо ба анҷом расонида мешавад:

А) Шаҳрвандони хориҷӣ аз Федератсияи Россия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Армения метавонанд дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни раводид сукунат намоянд ва онҳоро лозим аст, ки тибқи қонунгузоррӣ баъди супоридани маблағи боҷи давлатӣ дар ҳаҷми 25% ҳадди маъоши миёна шиносномаи худро дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД ҶТ бақайд гиранд;

Б) Шаҳрвандони хориҷие, ки дар асоси раводид дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон иқомат доранд, дар ҳаҷми 100% ҳадди маъоши миёна боҷи давлатӣ пардохт менамоянд;

Агар Шумо шаҳрванди Россия, Қирғизистон, Қазоқистон, ва Армения бошеду хоҳиши таҳсил дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улугзодаро доред, пас дар давоми 3 рӯз тавссути шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ бо пешниҳод ҳуҷҷатҳои зерин аз қайди Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД ҶТ гузаред:

А) 2 адад расми 3х4;

Б) Маълумотномаи тиббии БНМО;

В) Шиноснома;

Г) Расид оид ба боҷи давлатӣ. 

Агар Шумо шаҳрванди кишварҳои мазкур набошед, пас Шуморо лозим аст, ки тавассути шуъбаи муносибатҳои байналмилалии Донишкада метавонед бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои лозима дар Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон раводиди солонаро дастрас намоед.  Пас дар чунин ҳолат Шуморо лозим аст, ки барои дастрас намудани раводид солона расиди боҷи давлалӣ, расид оид ба хаққи хидмати СКВКХ ҶТ-ро пардохт намоед; – Баъд аз дастрасии раводиди солона метавонед шиносномаи худро дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД ҶТ тибқи муҳлати раводид, бо пардохти боҷи давлатӣ бақайдгиред.