Маркази тестӣ

ҲАФИЗОВ Давлатёр Шомуддинович

Вазифа: сардори маркази тестӣ

Рақами телефони корӣ: (+992 37) 237 30 84

Email: Davlatyor_2015@mail.ru

Маркази тестии донишкада бо Қарори Шӯрои олимон аз 30 ноябри соли 2017  №5/4-3 бо фарогирии ду воҳиди корӣ – сардори марказ ва мутахасис таъсис дода шудааст. Марказ тестӣ мувофиқи сохтори донишкада дар тобеъияти раёсати таълим мебошад.

Бояд қайд намоем, ки дар вақти имтиҳонҳои  фосилавӣ ва ниҳоӣ китобхонаи электронии донишгоҳ бо 50 – адад  ва 3 синфхонаи компютерии воқеъ дар бинои таълимии  ошёнаи 1 ва 3  бо 112 – адад  компютер истифода бурда мешаванд. Дар умум 162 – адад компютер имтиҳонҳоро қабул менамоем.

Дар Маркази тестии донишкада маҳзани саволномаҳои тестӣ аз ҳамаи фанҳои таълимӣ ба миқдори на камтар аз 200 саволнома ва  тестҳои гуногун ташкил карда шудааст.

Дар донишкада шаклҳои гуногуни тестҳо дар як саволнома татбиқ карда шуда, истифодаи хаттӣ ва электронии онҳо бо технологияи иттилоотию иртиботӣ дар раванди таълим ва имтиҳонҳои ҷамъбастӣ роҳандозӣ карда шуданд.

Маркази тестӣ  дар сомонаи донишгоҳ саҳифаи электронӣ ташкил намуда, дар он маҷмӯи супоришҳои тестӣ, шаклҳои гуногуни тестҳо дар як саволнома, маводи дастурӣ ва методӣ барои гузаронидани имтиҳонҳоро ҷойгир кардааст.

Санадҳои меъёрии ҳуқуқии Маркази  тестӣ ва дастурамалҳои мансабии кормандони маркази мазкур ба Низомномаи низоми кредитии таҳсилот,  Низомномаи факултет,  Низомномаи кафедра,  Низомномаи таҳсилоти фосилавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ гардонида шуданд.

Қоидаҳои умумии низоми холдиҳӣ-рейтингӣ ва низомномаи баҳодиҳӣ ба дараҷаи азхудкунии барномаҳои таълимии фанҳо таҳия ва тасдиқ карда шуда, дар раванди таълим ва низоми назорату баҳодиҳӣ мавриди истифода қарор дода шудааст.

Сардори Маркази тестӣ Ҳафизов Давлатёр Шомуддинович ва мутахасиси маркази тестӣ Иброҳимов Беҳруз Гардулоевич мебошанд.