Маркази хизматрасонии техникӣ ва коммуникатсионӣ

НАБОТОВ Зафар Ҷалилович

Вазифа: сардори маркази хизматрасонӣ техникӣ ва коммуникатсионӣ

Рақами телефони корӣ: (+992 37) 237 50 61

Email: z.nabotov@ddzt.tj, z.nabotov@mail.ru

Яке аз сохторҳои амалкунандаи донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ин маркази хизматрасонии техникӣ ва коммуникатсионӣ мебошад, ки бо қарори Шӯрои олимони донишкада бо фарогирии 4 воҳиди корӣ – сардори марказ, сармутахассис ва 2 воҳиди мутахассис таъсис дода шудааст.

Ҳадаф аз таъсисдиҳии чунин марказ расидан ба нақшаву барномаҳои технологияи иттилоотии замони муосир ва таъмин намудани робитаи иртиботии сохторҳои донишкада тавассути  шабакаи  саросарии интернет ва таъмини техникии синфхонаҳои компютерии муассиса мебошад.

Марказ инчунин ҷиҳати такмили гардиши ҳуҷҷатҳо дар донишкада тавассути почтаҳои дохилӣ чораандешӣ намуда, баҳри дар амал татбиқ намудани онҳо тадбирҳои мушаххасро амалӣ менамояд.

Марказ фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо раёсат, шуъба, бахш, факултет, кафедра ва дигар сохторҳои донишкада бо роҳ монда дар назди раёсати таълим масъул мебошад.

Кормандони марказ ҳангоми фаъолият санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи техникаву технологияи замони муосирро сармашқи кори худ қарор медиҳанд.

Ҳайати мутахассисони марказ тартиби истифодаи дурусту манфиатбахши технологияҳои замони навро дар ҳар як сохтори донишкада ба таври мунтазам назорат, таҳлилу ташхис ва аз санҷиш гузаронида, барои истифодаи беҳтару мақсадноки он аз ҷониби омӯзгорону мутахассисон пешниҳоду тавсияи муфиду асоснок мекунанд, ки саҳми босазои онҳо дар татбиқи сиёсати ҳукумати электоронӣ дар донишкада мебошад.

Аз моҳи октябри соли 2018 Наботов Зафар сарварии маркази хизматрасонии техникӣӣ ва коммуникатсионии донишкадаро ба уҳда дорад.

Имрӯз дар марказ сармутахассис Раҷабов Фаррух, кормандони техникӣ Қурбонов Нурхон ва Парвиз Абдулҳаев кору фаъолият мекунанд.