Китобхона

САЙФУДДИНОВА Мория Умаровна

Вазифа: мудири китобхона

Рақами телефони корӣ: (+992) 91 970 17 81

Email: smoriy@mail.ru

Китобхонаи илмии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон қисми ҷудонашавандаи иттилоотии сохтори макотиби олӣ ба ҳисоб меравад. Китобхона дорои фонди китобии ватанӣ ва хориҷӣ буда, онҳоро пешкаши хонандагон гардонида, нигоҳдориашонро барои насли оянда таъмин менамояд. Китобхонаи илмии донишкада аз 1 толори хониш дорои 90 ҷойи нишаст ва шуъбаи хизматрасонӣ иборат мебошад. Фонди китобхонаи илмӣ 91809 нусха китобро ташкил медиҳад. Инчунин, дар китобхона намоишгоҳи доимоамалкунандаи асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавҷуд аст.

Мақсади асосии китобхонаи илмӣ инҳоянд:

-қонеъгардонии талаботҳои иттилоотии хонандагон;

-муайяннамоӣ, таҳқиқот ва ҷоринамоии технологияи ҳозиразамон дар таҷрибаи фаъолияти корӣ;

-нигоҳдории мавқеи пешсафӣ нисбати дигар китобхонаҳои макотиби

олии ҷумҳурӣ;

-дастгирии маълумотнокии иттилоотии китобдорӣ ва самтҳои илмӣ – таҳқиқотии донишкада дар шароити имрӯза;

-нигоҳдории бойгарии фонди китобхона ва мероси илмии донишкада

Китобхонаи электронӣ

Китобхонаи электронӣ қисми таркибии китобхонаи илмӣ буда, ба шабакаи локалии донишкада ва шабакаи глобалии интернет пайваст мебошад. Китобхонаи электронӣ дорои 50 ҷойи нишаст ва бо 35 компютери ҳозиразамон муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Фонди китобхонаи электрониро 22 277 нусха китоби электронӣ ва 1 барнома дорои 265 000 нусха китоб ташкил медиҳад. Ба ғайр аз ин, китобхонаи электронӣ дорои сомонаи аст, ки хонандагон метавонанд аз он адабиёти лозимиашонро дарёфт намоянд.

Мақсади асосии китобхонаи электронӣ:

– дастгирии китобхонавӣ – иттилоотӣ ба самтҳои маълумотнокӣ ва илмӣ-таҳқиқотӣ дар шароити имрӯза;

– маркази ҷоринамоии таҷрибаи технологияҳои муосири иттилоотӣ ва паҳнкунии онҳо; – ёрии консултативӣ дар ташкили хизматрасонии иттилоотӣ-библиографӣ; 

– ташкили феҳристи пурраи электронӣ ба нусхаҳои дар китобхона мавҷудбуда;

– бароҳмонии хизматрасонии компютерӣ дар ҳамаи шӯъбаҳои китобхона;

– ташаккули бонки иттилоотӣ оиди ҳуҷҷатҳои китобхона;

– бароҳмонии обуна ба низоми электронии китобхонавӣ;

– зиёднамоии шумораи ҷойҳои автоматиконидашуда барои истифодабарандагон;

– васеънамоии ҷойҳои нигоҳдории китоб ва толори хониш;

– ташкили шароити мусоид барои хонандагони китобхона;