Кафедраи забони муосири рус ва забоншиносии муқоисавӣ

БОРОНОВА Светлана Бурхоновна

Вазифа: мудири кафедра

Дараҷа ва унвони илмӣ: номзади илмҳои педагогӣ, дотсент

Рақами телефони корӣ: (+992 37) 232 51 04

Email: pilavseva77@mail.ru

Кафедраи забони муосири рус ва забоншиносии муқоисавӣ соли 2019 дар натиҷаи якҷояшавии 2 кафедраи забонҳо ташкил шуд. Зарурияти чунин якҷояшавӣ вобаста ба тағйир ёфтани сохтори Донишкада ва ихтисори умумии шумораи донишҷӯёни дар Донишкада таҳсилкунанда сурат гирифт.

Кафедраи забони муосири рус, дар навбати худ, дар натиҷаи чандин маротиба таҷдиди сохтор намудани яке аз кафедраҳои асосӣ ва аз аввали кушодашавии Донишкада фаъолият дошта – кафедраи грамматика ва типологияи муқоисавии забонҳо ташкил шуда буд.

Аз 25 августи соли 2019 вазифаи мудири кафедраи забони муосири рус ва забоншиносии муқоисавӣ Боронова Светлана Бурхоновна иҷро мекунанд.

Вазифаи аввалиндараҷаи ин кафедра дар ҳоли ҳозир аз давом додани анъанаҳои корҳои илмӣ, мустаҳкам намудан ва баланд бардоштани потенсиали илмии он иборат аст.

Мунтазам гузаронидани машғулиятҳои семинари илмӣ-методӣ ва илмӣ-назариявии кафедра, ки роҳбарии онҳоро дотсенти кафедра Маҷидова Н.Х. ба ӯҳда дорад, ба омӯзгорони ҷавон имконият фароҳам меорад, ки дарсҳои худро ҳарчи беҳтару чолибтар мутобиқи меъёрҳои мавҷудаи таълим гузаронанд.

Ҳамчунин, ёдовар бояд шуд, ки аксари муаллимон ба навиштани мақолаҳои илмӣ машғуланд ва зимни он сатҳи дониши илмии худро мунтазам иртиқо мебахшанд.

Дар Паёми Донишкада ва дигар маҷаллаю маҷмӯаҳо чандин мақолаҳои илмию оммавии омӯзгорони кафедра ба табъ мерасанд, ки онҳо бидуни муболиға дар машғулиятҳои амалии тарҷума ва забоншиносӣ мусоидат мекунанд.

Устодони кафедра пайваста дар конференсияҳои гуногун суханронӣ менамоянд ва дар назди кафедра ҳамасола, аз рӯйи нақша-чорабинӣ, мизҳои мудаввар ва конференсияҳо низ баргузор мегарданд, ки дар онҳо маърӯзаҳои устодони кафедраҳои гуногуни донишкада ва меҳмонон шунида мешаванд.

Аз тарафи устодон, дар қатори дастурамалу роҳнамоҳо якчанд асари монографии устодони кафедра вобаста ба самти фаъолияти кафедра монанди «Опыт сопоставительных исследований таджикского и английского языков» ва «Исследование лексико-семантического поля “добро” в русском и таджикском языках»-2018 (Мирзоева Г.Х.) ба табъ расидаанд, ки барои доираи васеи хонандагон пешбинӣ шудаанд.

Алҳол, дар кафедра 6 дотсент, 10 муаллими калон, 6 ассистент тамоми маҳорат ва қувваи худро ба он равона сохтаанд, ки раванди таълим бо сифат гузаронида шавад, ва мутахассисони арзандаи забоншинос тайёр карда шаванд.