Кафедраи забони тоҷикӣ ва таъмини иттилооти идора

Аз рӯзи оғози таъсисёбии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода кафедраи забони тоҷикӣ ба таври мустақил вуҷуд надошт. Он аввал дар доираи кафедраи забони русӣ, сипас дар кафедраи забоншиносии умумӣ (мудиронаш мутаносибан: Абдуллоева Муяссара Абдулҳакимовна ва Панасюк Алексей Трофимович) амал мекард. Танҳо моҳи майи соли 1989 кафедра ба таври расмӣ таҳти унвони «Филологияи тоҷик» таъсис ёфта, ба фаъолият шурӯъ намуд. Нахустин роҳбари кафедра дотсент А. Самадов таъйин мешавад. Соли 2006 кафедраи филологияи тоҷик ба ду кафедраи мустақил –кафедраи забони тоҷикӣ ва кафедраи адабиёти тоҷик ҷудо карда шуд, ки ба кафедраи забони тоҷикӣ проф.О.Маҳмадҷонов мудир таъин гардид. Аз соли 2008 то соли 2010 вазифаи мудири кафедраро проф,. Ш.Исмоилов ба ӯҳда гирифт. Аз соли 2010 то соли 2013 ба кафедра дотсент С.Матробов роҳбарӣ кард.

Аз октябри соли 2014 то охири соли таҳсили 2014-2015 кафедраҳои забони тоҷикӣ ва назария ва таърихи адабиёти тоҷик як шуд, ки номи он кафедраи забон ва адабиёти тоҷик ва мудирии онро номзади илми филология, дотсент Хосият Олимӣ ба уҳда дошт.

Аз моҳи июни соли 2015 кафедраҳо аз нав ҷудо карда шуданд. Номи кафедра тағйир дода шуд ва он номи кафедраи забони тоҷикӣ ва назарияи забоншиносиро гирифт. Мудири он доктори илмҳои филология, профессор Шамсуллоҳи Исмоил таъин гардид ва то сентябри соли 2016 онро ба уҳда дошт.

Аз моҳи сентябри соли 2016 мудири кафедраи мазкур номзади илми филология, дотсент Ҷабборова Шарофат Сафаралиевна таъин гардид.

Моҳи сентябри соли 2018 кафедра дар ҳайати се кафедра-кафедраи забони русӣ, кафедраи романиву германӣ, кафедраи забони тоҷикӣ ва назарияи забоншиносӣ муттаҳид гаштатанд ва кафедра номи кафедраи назария ва амалияи забоншиносиро гирифт, ки мудирии онро н.и.п., дотсент Наврасов ба уҳда дошт.

Аз моҳи июни соли 2019 кафедраҳои номбурда ҷудо карда шуданд. Аз 1-уми сентябри соли 2019 кафедра бо номи кафедраи забони тоҷикӣ ва таъмини иттилоотии идора мустақилан фаъолияти худро оғоз намуд. Айни ҳол н.и.ф., дотсент Ҷабборова Ш.С. иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедра мебошад.

Кафедраи забони тоҷикӣ ва таъмини иттилоотии идора фаъолияти худро барои иҷрои корҳои таълимӣ, таълимию методӣ ва илмию тадқиқотӣ оид ба масъалаҳои забони давлатӣ, рушд ва мавқеи истифодаи он дар мақомоти давлатӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ ба роҳ мондааст.

Самтҳои афзалиятноки фаъолияти кафедра дуруст ба роҳ мондани таълими қисматҳои гуногуни забони тоҷикӣ дар ҳамаи ихтисосҳо, тайёр намудани мутахассисони варзида, забоншиносон – тадқиқгарони забони тоҷикӣ, рушд ва инкишофи забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ ва амалӣ гардондани Қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдат – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.