Кафедраи таърих ва робитаҳои байнифарҳангӣ

АЗИМЗОДА Назир Бозор

Вазифа: мудири кафедра

Дараҷа ва унвони илмӣ: доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор

Рақами телефони корӣ: (+992 37) 232 51 04

Email: s@inbox.ru

Кафедраи таърих ва робитаҳои байнифарҳангӣ ҳамчун воҳиди таркибии сохтори донишкада то соли 2005 дар ҳайати кафедраи фалсафа  фаъолият намудааст. Тибқи қарори ҷаласаи Шӯрои олимони ДДЗТ ба номи Сотим Улуғзода аз 30-юми августи соли 2017, таҳти №1/4-4 ба кафедраи таърих ва робитаҳои байнифарҳангӣ номгузори карда шудааст. Кафедраро аз рӯзи таъсисёбиаш дар солҳои гуногун омӯзгороне ба монанди Ҷалилов Ш.Р., Бустонова Н.Ҷ., Икромов Ғ.Х., ва Қаноатова Г.И роҳбарӣ намуданд. Айни ҳол мудирии онро доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Азимзода Н.Б. ба зимма дорад.

Кафедраи номбурда дар зери тобеи факултети забонҳои Аврупо фаъолият намуда, дар он ҳоло 9 нафар омӯзгори асосӣ ва 11 нафар омӯзгори ҳамкор кору фаъолият менамоянд. Аз инҳо: 1- нафар доктори илм, профессор, 6-нафар номзади илм, дотсент, 3-нафар муаллими калон ва 9- нафар ассистент мебошанд.  Бояд зикр кард, ки омӯзгорони кафедра аз рӯйи 40 номгӯи фанни таълимӣ ба донишҷӯён дарс мегӯянд.

Дар давраи роҳбарии мудири кафедра Азимзода Н.Б. 26-уми октябри соли 2018 муалими калони кафедра Назарова Гулчеҳра рисолаи номзадиро бо муввафақият дифоъ кард. Кафедра ҳамчун кафедраи пешбар  аз рӯи ихтисосҳои 07.00.02 – Таърихи Ватанӣ, 07.00.15 – Таърихи робитаҳои байналмиллалӣ ва сиёсати хориҷӣ, 07.00.03 – Таърихи (Таърихи нав ва навтарин) фаъолияташро ба роҳ мондааст.

Айни замон мавзӯи буҷавии кафедра “Равишҳои муосири тадриси фанҳои ҷамъиятӣ – гуманитарӣ дар замони соҳибистиқлолии кишвар” марҳила ба марҳила татбиқ гардида истодааст.